Арзёбии баъди анҷоми лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ (CAREC 6)
Нақлиёт

Арзёбии баъди анҷоми лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ (CAREC 6)

01.11.2015 — 01.07.2016

Маблағгузорӣ: JICA

Мизоҷ: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ISM Consulting ҳамчун зер-машваратчии ширкати IC Net Japan дар арзёбии баъди анҷоми Лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ, воқеъ дар долони нақлиётии CAREC 6, иштирок намуд.

Арзёбӣ ду сол пас аз анҷоми лоиҳа гузаронида шуда, ба таҳлили раванди татбиқ, натиҷаҳои бадастомада ва устувории он равона гардид. Кор мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода шуда, муҳиммият, самаранокии истифодаи захираҳо, натиҷабахшӣ, таъсир ва устувории лоиҳаро фаро гирифт.

Дар доираи супориш саволнома санҷида шуда, миёни баҳрабардорони лоиҳа пурсиш гузаронида шуд. Саволномаро Гурӯҳи арзёбӣ таҳия намуд ва ISM Consulting пурсишро таҳти роҳбарии он анҷом дод.

Маълумот дар бораи лоиҳа