Маблағгузорӣ: БАТР
Мизоҷ: Ширкати HCPMD-и Ёвон
ISM Consulting ҳамчун шарики консорсиуми Pavel Novak s.r.o. дар таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахт дар Ёвон иштирок намуд.
Супориш арзёбии вазъи ибтидоии соҳаи партовҳои сахт, таҳияи пешниҳоди лоиҳавӣ, арзёбии экологию иҷтимоӣ, пешниҳоди чораҳои ислоҳоти институтсионалӣ ва таҳлили молиявию иқтисодиро дар бар гирифт.
Дар асоси маълумоти топографӣ роҳҳои ҳалли техникӣ барои барқарорсозию навсозии партовгоҳи мавҷуда ё сохтмони партовгоҳи нави санитарӣ таҳия гардиданд. Корҳо омода намудани модели сеченакаи топографӣ, тарҳрезии саддҳои муҳофизатӣ, низомҳои хориҷ кардани моеъҳои партовгоҳ ва ҷамъоварии биогаз, инчунин рӯйпӯши муҳофизатии партовгоҳро фаро гирифтанд.
Ҳамчунин, ҳаҷм ва хароҷоти интиқоли партовҳо, арзиши сохтмони партовгоҳи пешниҳодшуда ва хариди таҷҳизоти зарурӣ ҳисоб карда шуданд.