Маблағгузорӣ: Бонки Ҷаҳонӣ
Мизоҷ: Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
ISM Consulting ҳамчун машваратчии пешбар ва ягона фаъолият намуда, татбиқи чорабиниҳои лоиҳаро дар Данғара, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Восеъ ва Фархор дастгирӣ намуд.
Супориш ба тарғиби қоидаҳои дурусти санитарию гигиенӣ тавассути минтақаҳои санитарие, ки барои сокинони биноҳои бисёрошёна ташкил шуда буданд, инчунин беҳтар намудани иттилоърасонӣ оид ба гигиена ва тағйир додани рафтори аҳолӣ равона гардид.
ISM Consulting барои баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи истифода ва нигоҳдории дурусти иншооти санитарӣ, риояи қоидаҳои гигиенӣ ва истифодаи оқилонаи об маъракаи иттилоотӣ таҳия ва татбиқ намуд. Дар доираи маърака маводи чопӣ, аудиоӣ ва видеоӣ, мавод барои сомонаҳо ва воситаҳои ахбори омма омода гардида, тавассути телевизиону радиои маҳаллӣ пахш ва дар рӯзномаҳо нашр шуданд.