Маблағгузорӣ: БАТР
Мизоҷ: Корхонаи давлатии «Оби нӯшокӣ ва корезӣ»-и шаҳри Норак
ISM Consulting ҳамчун шарики консорсиуми Mott MacDonald CZ дар татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи Норак дастгирӣ расонид.
Лоиҳа барқарорсозии низоми обтаъминкунӣ ва қисматҳои алоҳидаи инфрасохтори канализатсионӣ, такмили низоми ҳисоббарорӣ ва ҷамъоварии пардохтҳо, беҳтар намудани идоракунии молиявию амалиётӣ, инчунин коҳиш додани талафоти об ва хароҷоти истифодаю нигоҳдории иншоотро пешбинӣ намуд.
Дар доираи супориш ба фармоишгар ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар самтҳои корҳои муҳандисӣ ва тарҳрезӣ, таҳияи мушаххасоти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ, гузаронидани тендерҳо ва арзёбии пешниҳодҳо, бастан ва идоракунии шартномаҳо, назорати иҷрои онҳо, татбиқи Нақшаи чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ ва ташкили низоми азхудкунии маблағҳо мусоидат карда шуд.