Маблағгузорӣ: БАТР
Мизоҷ: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ISM Consulting ҳамчун зер-машваратчии ширкати Mott MacDonald CZ дар арзёбии хавфҳои иқлимӣ барои лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди Ваҳдат — сарҳади Қирғизистон иштирок намуд.
Дар доираи супориш хавфҳои асосии вобаста ба тағйирёбии реҷаи гидрологӣ ва ҳарорат таҳти таъсири тағйирёбии иқлим муайян карда шуданд. Дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ барои баланд бардоштани устувории иқлимии лоиҳа бо истифода аз чораҳои сохторӣ ва ғайрисохтории мутобиқшавӣ тавсияҳо таҳия гардиданд.
Корҳо инчунин боздиди техникии маҳал, омӯзиши шароити табиӣ ва омилҳои таъсиррасон ба тарҳрезии иншооти муҳими инфрасохторӣ, баррасии масъалаҳои қаблан муайяншуда ва ҷамъоварии маълумоти иловагиро дар бар гирифтанд.