Лоиҳаи ислоҳоти нақлиёти шаҳрӣ — ташхис ва муайян намудани самтҳои асосӣ
Нақлиёт — Ӯзбекистон

Лоиҳаи ислоҳоти нақлиёти шаҳрӣ — ташхис ва муайян намудани самтҳои асосӣ

01.10.2020 — 01.04.2021

Маблағгузорӣ: БАТР

Мизоҷ: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ISM Consulting ҳамчун зерпудратчии машваратии Mott MacDonald дар гузаронидани таҳқиқоти ташхисӣ ва муайян намудани самтҳои асосии ислоҳоти нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ дар Ӯзбекистон иштирок намуд.

Лоиҳа ба беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва таҳияи равишҳои нав дар самти танзим ва маблағгузории соҳа, инчунин ҷалби бахши хусусӣ равона гардида буд. Ислоҳоти пешниҳодшуда шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва вилояти Тошкандро фаро гирифт.

Таҳқиқот арзёбии тартиби амалкунандаи иҷозатномадиҳӣ ба ҳамлу нақли автобусӣ, ташкили фаъолияти нақлиёт ва низоми пардохти роҳкироро дар бар гирифт. Ҳамчунин, заминаи институтсионалӣ ва меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи хизматрасонии автобусӣ ва пардохти роҳкиро мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Масирҳои эҳтимолии озмоишии автобус муайян гардида, арзёбии пешакии талабот ба воситаҳои нақлиёт ва инфрасохтор гузаронида шуд. Барои такмили фаъолияти автобусҳо роҳҳои идоракунии парки нақлиёт, даромадҳо ва равандҳои амалиётӣ пешниҳод гардиданд. Супориш инчунин таҳлили роҳҳои стратегии ислоҳот ва таҳияи санади тавсиявиро барои дастгирии ислоҳоти банақшагирифташуда дар бар гирифт.

Маълумот дар бораи лоиҳа