Коммуникатсияи стратегӣ
Идоракунии давлатӣ ва рушди институтсионалӣ

Коммуникатсияи стратегӣ

01.01.2025 — 01.12.2026

Маблағгузорӣ: ИА

Мизоҷ: Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон / Global Gateway

ISM Consulting ҳамчун машваратчии асосӣ ва ягона маъракаи фарогири коммуникатсяи стратегиро таҳия ва амалӣ менамояд. Маърака ба баланд бардоштани шинохти Иттиҳоди Аврупо ва беҳтар намудани дарки нақши он ҳамчун яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон равона шудааст.

Корҳо омӯзиш ва гурӯҳбандии аудитория, таҳлили воситаҳои ахбори омма, ҷонибҳои манфиатдор ва блогерон, таҳияи паёмҳои асосӣ ва услуби визуалии маърака, инчунин омода намудани нақшаи муфассали татбиқи онро дар бар мегиранд. Маърака дар саросари кишвар тавассути чорабиниҳо, фаъолиятҳои иттилоотию рақамӣ, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, таҳияи маводи аудиовизуалӣ, чорабиниҳои сайёр ва ҳамкорӣ бо блогерон амалӣ карда мешавад.

ISM Consulting натиҷаҳои маъракаро мунтазам пайгирӣ намуда, нишондиҳандаҳои фарогирӣ ва иштироки аудиторияро таҳлил мекунад ва тағйироти сатҳи огоҳӣ ва назари гурӯҳҳои мақсаднокро арзёбӣ менамояд.

Маълумот дар бораи лоиҳа