Маблағгузорӣ: KfW
Мизоҷ: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ISM Consulting ҳамчун шарики консорсиуми UNIQUE Forestry and Land Use (Олмон) дар доираи лоиҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути идоракунии устувори ҷангалҳо хизматрасониҳоро оид ба баҳисобгирии ҷангал ва банақшагирии идоракунии он пешниҳод намуд.
Дар доираи лоиҳа оид ба масоҳат ва ҳолати захираҳои ҷангал дар чор минтақа — ноҳияҳои Фархор, Ховалинг ва Ванҷ, инчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маълумоти нав ҷамъоварӣ карда шуд. Барои арзёбии сатҳи ҷангалпӯшӣ ва ташкили заминаи маълумот барои мониторинги дарозмуддат ва банақшагирии идоракунии ҷангал технологияҳои мушоҳидаи фосилавӣ истифода гардиданд.
Дар асоси маълумоти навшудаи баҳисобгирии ҷангал барои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Ховалинг нақшаи озмоишии идоракунии ҷангал таҳия карда шуд. Ба Агентии хоҷагии ҷангал инчунин барои таҳия ва такмили тартиботи стандартии фаъолият дар соҳаи ҷангал дастгирии институтсионалӣ расонида шуд.