Маблағгузорӣ: GIZ
Мизоҷ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ISM Consulting ҳамчун шарики консорсиуми AFC ва ADG дар татбиқи ҷузъҳои якум ва дуюми Барномаи рушди устувори иқтисодӣ иштирок намуд.
Барнома чор самти асосиро фаро гирифт: рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ тавассути беҳтар намудани хизматрасонӣ дар соҳаҳои истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулот; васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ; мусоидат ба тиҷорати наздисарҳадӣ; инчунин таҳияи сиёсати иқтисодӣ дар асоси маълумоти воқеӣ ва муколамаи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ.
Корҳо ба рушди занҷираҳои арзиши кишоварзӣ, махсусан коркарди меваю сабзавот, назорати сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, маркетинг ва муаррифии маҳсулот мусоидат намуданд. Лоиҳа инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафро дар сохтмони манзил ва ташкили вохӯриҳои муколамаи бахшҳои давлатӣ ва хусусиро дар минтақаҳои кишвар дастгирӣ намуд.
Барои ташкилотҳои шарик ва ташкилотҳои хизматрасон, ки бо корхонаҳои кишоварзӣ, ширкатҳои коркарди маҳсулот ва соҳибкорони соҳаҳои ғайрикишоварзӣ дар деҳот ҳамкорӣ мекарданд, омӯзишҳо ва чорабиниҳои тақвияти иқтидор гузаронида шуданд. Барнома инчунин ба ҷорӣ намудани навоварӣ, рушди самтҳои гуногуни иқтисодӣ ва беҳтар гардидани шароит барои фаъолияти бахши хусусӣ мусоидат намуд.