Маблағгузорӣ: KfW
Мизоҷ: KfW
ISM Consulting ҳамчун шарики консорсиуми GOPA Infra дар татбиқи Барномаи дастгирии омодагӣ барои ҳамкорӣ бо Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон иштирок намуд.
Барнома ба таҳкими иқтидори институтсионалии кишварҳои шарик, таҳияи стратегияҳои миллӣ барои пешбурди тағйироти мусбат дар соҳаи иқлим ва омода намудани барномаву лоиҳаҳои иқлимӣ бо иштироки бахши хусусӣ мусоидат намуд. Дар доираи барнома ба ташкилотҳои миллӣ ва минтақавӣ, бонкҳои рушд ва дигар муассисаҳои молиявӣ барои гирифтани аккредитатсия ва дастрасӣ ба захираҳои Фонди иқлими сабз мусоидат карда шуд.
Дар доираи супориш нақшаҳои сармоягузорӣ ва рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятнок барои маблағгузории Фонди иқлими сабз таҳия гардида, бахшҳои муҳим муайян карда шуданд. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор асосноккунии пешакии техникию иқтисодии лоиҳаҳои имконпазир таҳия ва баррасӣ гардид.