Маблағгузорӣ: Бонки Ҷаҳонӣ
Мизоҷ: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ISM Consulting ҳамчун шарики консорсиуми CIVITTA ва Latona дар арзёбии имконпазирии техникии рақамикунонии хизматрасониҳои афзалиятноки давлатӣ дар доираи Лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» иштирок намуд.
Корҳо санҷиши рӯйхати мавҷудаи хизматрасониҳои давлатӣ, муайян намудани хизматрасониҳои афзалиятнок тибқи методологияи мувофиқашуда, арзёбии имкониятҳои техникии рақамикунонии онҳо ва муайян намудани роҳҳои такмили раванди хизматрасониро фаро гирифтанд. Барои рақамикунонии хизматрасониҳои интихобшуда мушаххасоти техникӣ таҳия карда шуданд.
Дар доираи супориш бо намояндагони мақомоти пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои давлатӣ семинарҳо, арзёбиҳо дар маҳал ва мусоҳибаҳо бо кормандони масъули давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор гузаронида шуданд. Барои таъмини раванди фарогир ва шаффофи интихоб инчунин бо намояндагони бахши хусусӣ, шаҳрвандони фаъоли ҷомеа ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ машваратҳо баргузор гардиданд.